Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии «Ҳамсоягии дӯстона” (Добрососедство), ТВ «Бахористон» озмуни беҳтарин наққошиҳои кӯдаконаи “Олам дар чашми атфол, бе ҳолатҳои фавқулода ва ҳодисаҳо” баргузор мекунад.
Ба озмун расмҳо дар мавзӯъҳои зерин пешниҳод мешаванд:
- гуногунрангии ҳолатҳои фавқулода ва пешгирии онҳо;
- нақзи қоидаҳои бехатарӣ ва оқибатҳои он;
- наҷоти одамон аз ҷониби наҷотдиҳандагони КҲФ.
Дар озмун бачаҳои аз 5 то 17 – сола ширкат карда метавонанд. Офаридаҳои наққошии бачаҳо то 20 майи соли 2019 қабул карда мешаванд.
Расмҳо бо истифода аз ҳар воситаи тасвирӣ метавонанд кашида шуда бошанд: бо рангҳо, қалам, фломастер ё бурҳои ранга. Ин ҷо муҳим тахайюли эҷодист!
Ғолибони озмун соҳиби ҷоизаҳои хотиравӣ хоҳанд шуд ва беҳтарин офаридаҳо аз тариқи ТВ “Баҳористон” намоиш дода мешаванд.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 26, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Телефонҳо барои иртибот:
221-91-19
223-13-11
ва ё ТВ «Баҳористон», кӯчаи Чапаев 31, тел: 2219524.