Ахбори рӯз

Боздиди Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ аз КҲФ

22 ноябри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ доир гардид.  Ҳайатро Намояндаи олии ИА оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ ҷаноби Жозеп Боррелл сарварӣ  мекард.

Дар ҷараёни боздид ба меҳмонони олиқадр техникаи...

Заминларза дар Тоҷикистон. Бе талафоти ҷониву хисорат

Имрӯз, 22.11.2021 тахминан соати 15:49 дақиқа, ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза  230 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 10 километр шарқ аз ноҳияи Лахш, дар ҳудуди минтақаи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказашбалл ва дар ноҳияи Лахш  3 баллро ташкил дод. Аз талафоти ҷониву хисорат гузориш нарасидааст.

Ёрии башарии созмони Каритаси Швейтсария ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВИДЕО)

Бо мақсади татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни КҲФ ва Созмони Каритаси Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин расонидани ёрии фаврӣ ба аҳолӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ин ё он ҳолати фавқулодда дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили ёрии башардӯстона дар шакли маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ баргузор шуд.

Ду амалиёти наҷот дар як рӯз

Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кумаки имдодгарон дар ду ҳодисаи рӯзи гузашта хабар дод.

Як сокини кӯчаи ба номи Аминҷон Шукӯҳии шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод...

Як ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Москав бо фаъолияти Маркази ёрии таъҷилии равонии ВҲФ Русия шинос шуд

Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи як сафари корӣ бо тастгирии САҲА аз Маркази ёрии таъҷилии равонии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дидан кард.

Меҳмононро муовини директори Марказ Татяна Никитина бо фаъолияти Марказ шинос намуд. Вай зикр кард, ки ин...

Страницы