Ахбори рӯз

Ширкати генерал Назарзода дар Форуми аврупоии коҳиши хатари офатҳои табиӣ – 2021 дар Матозинюш

Аз имрӯз, 24 то 26 ноябри соли 2021 дар шаҳри Матозинюши Португалия Форуми аврупоии коҳиши хатари офатҳои табиӣ - 2021 баргузор мешавд. Дар кори ин Форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ширкат мекунад.

Наҷоти се нафаре, ки муддати беш аз як соат даруни лифти харобшуда монда буданд

Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе се нафарро аз дохили як лифте, ки миёни ошёнаҳои хонаи бисёрқабата хароб шуда буд, наҷот доданд.

Ин ҳодиса рӯзи 23-уми ноябри соли равон соати 11:25 дақиқа рух дод. Шаҳрвандон ба Қисми навбатдории КҲФ занг заданд ва хабар доданд, ки дар бинои 17/5...

Таҷлили Рӯзи Парчам дар раёсатҳои Суғд ва Хатлон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он дотсенти кафедраи таърихи умумӣ ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Фаррух Ҳусейнов ширкат ва суханронӣ кард.

Маркази заминларзаи субҳи имрӯз 83 километр шимолу ҷануби шаҳри Душанбе буд

Субҳи имрӯз, тахминан соати 07:34 дақиқа, ба вақти маҳаллӣ дар  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ларзид.

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Норак

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 рӯзҳои 16–18 ноябри соли 2021 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ҳангоми гузаштан аз давраи осоишта ба замони ҷанг” ташкил ва

Страницы