Муовини корҳои сиёсӣ-тарбиявии сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон муаррифӣ шуд

13 январи соли 2022 ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сулаймон Исозода ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод ва ба ҳайати шахсии Раёсати КҲФ дар ин вилоят муовини нави сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявиро муаррифӣ кард.

Ҷонишини Расиси КҲФ бо роҳбарони воҳидҳои сохтории Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оғоз намуда, дар рафти он масъалаҳои мубрами фаъолияти пурсамари раёсатҳо ва шуъбаҳо дар вилоятро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Дар КҲФ ба эътибори кору обрӯи корм анд бояд хеле диққат дод. Ҳар як корманд бояд на танҳо кордон бошад, балки тарбияи беҳтарин хислатҳои инсониро низ амалӣ намояд», - таъкид дошт ӯ. 

Сипас муовини Раиси КҲФ полковник Сулаймон Исозода подполковник Талабшо Назаровро чун ҷонишини сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ба ҳайати шахсӣ муаррифӣ намуд. 

Ҷонишини Раиси КҲФ ҳамзамон ба ин нукта ишора кард, ки Талабшо Назаров дар ин сохтор шахси нав нест, балки солҳост дар КҲФ кор мекунад ва таҷрибаи кофӣ барои дар  сатҳи муайян анҷом додани масъулиятҳояш дорад.

барчасп: