Ахбори рӯз

Ҳушдор барои истифода аз маводҳои тарфгарӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як гузориш дар сомонаи худ ба истифодабарандагони  маводҳои тарфгарӣ ҳушдор дод, ки ин гуна кирдорҳо ҷавобгариҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ доранд. Дар ин гузориш омадааст, ки бо назардошти хавфнокӣ ва оқибатҳои нохуш, чун оташангезӣ ва ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштан дар Тоҷикистон муомилоти маводи тарфгарӣ манъ карда шуда, ҳамагуна кирдори алоқаманд

Ҷамъомади таълимию методӣ дар шаҳри Ҳисор. Ширкаткунандагон хостори ҳар семоҳа баргузор намудани он шуданд

Рӯзҳои 9-10 декабри исоли 2021 дар шаҳри Ҳисор бо иштироки сардорони шӯъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумита дар ВМКБ,  вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва сардори шуъба Кумита дар ноҳияи Рашт аз тарафи мутахассисони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита ҷамъомади  таълимию методӣ дар мавзӯъи “Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои...

Пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хисорот аз офатҳо дар шаҳри Гулистон

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти Раёсати Раиси комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда - Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ҷаласаи  Комиссияи ҳудудии ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа баромади Орифзода Ф.Н. оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Ҳушдор ва тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: То 16 декабр ҳаво сард мешавад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 16-уми декабри соли 2021 ҳаво сард мешавад, борон дар водиҳо ба барфи тар табдил мегардад. Дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ барфи шадид меборад. Ба истиснои ВМКБ дар аксар қаламрави кишвар туман дар назар дошта шудааст.

Сафари генерал Назарзода ба Рашт. Чӣ гуфту чӣ кард? (ВИДЕО)

10 декабри соли 2021 дар ҷараёни сафари корӣ ба водии Рашт раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар маросими савгандёдкунии наваскарон иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамчунин бо шароити зисту зиндагонии зарардидагон аз заминларза дар Тоҷикобод шинос шуд ва бинои нави паногоҳ...

Страницы