Ахбори рӯз

Мулоқот бо намояндагони Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо намояндагони Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд вохўрӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат - ифтихори мост ва Паём – ифодагари дастовардҳо баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур капитанҳои адлия Мирзосолеҳ Холзода ва Илҳом Искандарзода иштирок намуданд.

Заминларзаи субҳи имрӯз. Бе талафоти ҷониву хисорот

Соати 09:50 дақиқаи субҳи имрӯз, 2-уми сентябр дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки  маркази он 190 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе,  дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд.

Қувваи заминларза дар марказаш 4-5 балл,  дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рашт 2 баллро ташкил дод.

Заминларза дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод

Субҳи имрӯз соати 09:11 дақиқ бо вақти Душанбе дар қаламрави кишвар зилзила ба қайд гирифта шуд.  Маркази ин заминларза 192 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 18 км ҷануби Тоҷикобод буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 3 балл, дар маркази ноҳияи Тоҷикобод 2 баллро ташкил дод. Аз талафоти ҷониву зарарҳои дигар гузориш нарасидааст.

COVID-19: Интиқоди Ҷо Байден аз ҳукумати Чин: “Иттилои муҳим” дар бораи маншаии коронавирусро пинҳон мекунад

Президенти ИМА Ҷо Байден аз ҳукумати Чин дар мавриди пинҳон кардани “иттилои муҳим” дар бораи маншаии коронавирус интиқод кардааст. Ҷо Байден баъди шунидани маърӯзаи Идораи иттилооти миллии Амрико, ки ба сунъӣ будани насаби  SARS-CoV-2 шубҳа мекард, суханронӣ намудааст. Ин гузориш бо дастури Президенти ИМА Ҷо Байден таҳия шуда ва тайид мекунад, ки нахусти сирояти инсони ба COVID-19

Боз кардани се дари баста дар шаҳри Душанбе

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта нашуданд. Вале кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шабонарӯз омодаи ҳар гуна кумаку ёрӣ ба шаҳрвандонанд, вазифаву уҳдадориҳои худро дар мавриди наҷот ва расонидани кумак ба сокинон иҷро карданд.

Страницы