Бо мақсади амалӣ намудани супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Нақшаи таълимӣ дар ҳудуди қисми ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ барои фармондеҳон, сардорони ситодҳо ва ҷонишинони сардори ситодҳои кисмҳои ҳарбии КҲФ машғулиятҳои таълими ҳарбй ва методӣ гузаронда шуданд.
Чорабинӣ таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда полковник Иброҳимзода И. баргузор шуд.
Афсарон аз шаҳраки хайманишинон, бошгоҳҳо ва иншоотҳо барои роҳандозии хадамоти шабонарӯзӣ дидан карданд ва дар чорабиниҳои амалӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни баргузории тамринҳои таълимиву методӣ аз ҷониби мутахассисони ҷалбшудаи КҲФ дарсҳо дар мавриди ҳафтаи нахустини омодагиҳои ҳарбӣ дар аввали соли таҳсили 2022, қоидаҳои умумӣ ва талаботи бехатарии ҳарбӣ дар фаъолиятҳои ҳамарӯзӣ, кор бо техникаи наҷот, хидматрасонии техникӣ ва истифодаи воситаҳои кимиёвии иктишофӣ, консепсияи тарбияи сиёсӣ-интизомӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи дурусти силоҳи оташфишон, ба қисмҳо ҷудо кардан ва васл намудани автомати Калашников 7,62 мм ва туфангчаи Макаров 9 мм, топографияи ҳарбӣ, харитасозии майдонҳо дар амалия ва назария гузаронида шуданд.
Дар охири давраи омӯзишӣ афсарон аз рӯи омодагиҳои касбӣ-вазифавӣ, омодагиҳои ҷисмонӣ, дониши асноди ҳидояткунанда имтиҳон супориданд.