Ахбори рӯз

Мулоқоти Раиси КҲФ бо сарвари Раёсати СММ дар корҳои паноҳандагон дар Тоҷикистон

23 июни соли 2021 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сарвари Раёсати Комиссариёи олии СММ дар корҳои паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди мулоқот намуд.

Дар оғози вохӯрӣ Сарвари КҲФ аз сатҳи робитаҳои дуҷониба

Наҷоти се нобилғ дар обҳои вилояти Суғд дар як рӯз

Рӯзи гузашта, соати 15:30 дақиқа  ҳангоми навбатдорӣ дар обутоббгоҳҳо ва гузаронидани рейдҳои назоратӣ дар минтақахои хавфноки дарёи Сир  наҷотдиҳандагони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ду нафареро мушоҳида карданд, ки дар мавзеъи соҳилии боғи фарҳангӣ- фароғатии Наврӯзгоҳ ғарқ мешуданд.

Ҳам таблиғ ва ҳам тамрин

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар соҳилҳои дарёҳо, каналҳо ва кўлҳо, ки аз ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе мегузаранд, ба роҳандозии корҳои таблиғотӣ идома медиҳад. Дар ин фасли гарми тобистон, ки бисёриҳо ба соҳили обҳо мераванд, донистани қоидаҳои бехатарӣ барояшон зарур аст. Зеро аксар ҳодисаҳои ғарқшавӣ бар асари надонистани ҳамин қоидаҳо рух медиҳанд.

Оғози давраи нави омӯзишӣ барои кормандони бахши тибб ва наҷоти КҲФ

21 июни соли 2021 дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар омӯзиш ва бозомӯзии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, курсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагон, ғаввосон ва кормандони тиббии идораи наҷоти кишвар оғоз шуд.

Пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар Хистеварз

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои Шӯъба дар мавриди риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ, ҷиҳати тайёрӣ дар мавсими оббозӣ баҳри таъмини бехатарии сокинону меҳмонон ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ дар мавсими оббозии тобистони соли​ 2021 аз ҷониби кормандони Шӯъбаи Раёсат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар минтақахои истироҳатии ҷамоати деҳоти...

Страницы