Дар остонаи таҷлили Соли нави мелодӣ бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсӣ, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчун хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Сарвари кишвар туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд.
Ҳамчунин дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии КҲФ бештар аз 800 нафар сарбозон соҳиби туҳфаҳои солинавӣ шуданд. Ин туҳфаҳо бештар аз шириниҳову кулчақандҳо ва нӯшобаҳо иборат буданд.
Барои сарбозон ва афсарони ҳамаи қисмҳои ҳарбии КҲФ дастурхони идона ороста шуда, барномаҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор шуданд.
Маврид ба ёдоварӣ ва таъкид аст, ки имрӯз дар ҳамаи Раёсатҳои вилоятиву шаҳрӣ, аз ҷумла Раёсатҳои КҲФ дар Суғд, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ ва шуъбаҳои ноҳиявӣ низ маросими супурдани туҳфаҳои солинавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои тантанавии солинавӣ доир шуданд.