Дар ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои бонувони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти Шӯро ҷамъбаст гардид. Ин ҷаласа таҳти раёсати муовини Раиси КҲФ полковник И.Иброҳимзода гузашт.
Дар вохӯрӣ занон - хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи гарнизони Душанбе иштирок доштанд.
Подполковник Умеда Юсуфӣ – раиси Шӯрои бонувони Кумита дар бораи як соли фаъолияти ин шӯро суханронӣ кард. Вай аз ҷумла гуфт: «Соҳаҳои афзалиятноки фаъолияти мо масъалаҳои баланд бардоштани мақоми зан, нақши онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва иҷтимоию иқтисодии идора мебошад”.
Муовини Раиси КҲФ, полковник Имомалӣ Иброҳимзода зимни суханронии худ дар ҷаласа бонувонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, бори дигар ҷанбаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро хотиррасон намуд. Вай аз ҷумла зикр кард, ки дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз нақши забон дар рушду гул-гулшукуфии минбаъдаи мамлакат возеҳу равшан баён шудааст. Полковник Иброҳимзода ҳамчунин ёдовар шуд, ки имрӯз барои бонувони хизм атчӣ дар Кумита ҳама шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.
«Яке аз вазифаҳои асосии Шӯрои бонувон ширкат дар корҳои роҳбарӣ, ҳамчунин иштироки кормандон ва хонаводаҳои онҳо дар озмунҳо ва дигар чорабиниҳо мебошад. Ин ҳама коллективро ба ҳам меорад, муттаҳид мекунад ва ба ҳар нафаре ин имконро медиҳад, ки худро ҳиссаи ҷудонашавандаи оилаи бузурги мо донад”, - гуфт Имомалӣ Иброҳимзода.
Дар ҷаласа ба ширкати эҳтимолии Шӯрои бонувон дар ҳалли вазифаҳои хидматии Кумита ва дастгирии фазои хуби ахлоқиву психологӣ дар коллектив диққати махсус дода шуд.
Инчунин, дар рафти ҷаласа доираи васеи масъалаҳои марбут ба фаъолияти Шӯрои занон мавриди баррасӣ қарор гирифта, на бештар ба корҳои анҷомдодашуда, балки ба корҳои таваҷҷуҳ карда шуд, ки анҷом нашудаанд, вале бояд дар соли оянда анҷом дода шаванд.