Ахбори рӯз

30 ҳолати фавқулодаи соли 2021 дар ноҳияи Мастчоҳ 46 млн 250 ҳазору 800 сомони зарар овардааст

Дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ аз фаъолияти комиссияи ҳудудии ноҳия дар соли 2021 натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ҷаласаи мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия, раиси комиссия Аъзам Ализода, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, полковник Ширин Собирзода...

Машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ёвон

15 декабри соли ҷорӣ дар як машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ, ки зери унвони “Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ва омодагии зернизоми Низоми ягонаи ноҳия ҳангоми омадани сел ва эвакуатсияи аҳолӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов” гузашт, интиқоли аҳолии деҳаи Ширинчашма ва омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 аз минтақаи хавфнок ба ҷой бехавф - ба...

Фаъолияти яксолаи кори Комисияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Турсунзода ҷамъбаст шуд

Дар шаҳри Турсунзода натиҷаи кори Комиссияи шаҳрии ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2021 ҷамъбаст гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Чунончӣ, бо иштироки раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллода-раиси мақомоти иҷроияи маҳаллии...

Баргузории рӯнамоии системаи нави огоҳии бармаҳал ва мониторинги кӯли Сарез (ВИДЕО)

16 декабри соли 2021 дар қаламрави Раёсати кӯли Сарези Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамои системаи нави огоҳии бар маҳал ва мониторинги кӯли Сарез баргузор шуд. Ин таҷҳизот тобистони соли ҷорӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиии КҲФ ва Бонки осиёии рушд харидорӣ ва насб карда шуда буд.

КҲФ: Аз туман эҳтиёт кунед!

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 17-18 декабри соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо туман дар назар дошта шудааст. Дар ҳамин иртибо КҲФ ба хотири рух надодани ҳодисаҳои нохӯш тавсия медиҳад: Дар туман маъмулан ҳавои торик боиси коҳиши биниш мешавад, ҳаракати нақлиётро мушкил мекунад, эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои нақлиётиро зиёд мекунад, садамаҳо эҳтимолан бештар рух медиҳанд. 

Страницы