Тақдими ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» ба ду кормандаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

5 январи соли  2022 Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи фаъолияти соли 2021-ро ҷамъбаст намуд ва дар номинаҳои гуногун барои ҷавонони фаъол ҷоизаҳо тақдим намуд.

Дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст, ки имсол аз миёни беш аз 42 нафар довталабон 12 нафар беҳтаринҳо аз ҷониби комиссияи босалоҳият муайян шуда, ин ҷоиза дар фазои тантанавӣ ба онҳо супорида шуд.

Яке аз ин ҷавонони муваффақ капитан Акбарзода Маҳмад -  ҷонишини сардори гурӯҳи аввали Воҳиди наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ва лейтенанти хурд Шералиев Бадриддин – наҷотдиҳандаи Раёсати хадамоти таъиноти - махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. 

Ҳангоми эътои ҷоизаҳо созмондиҳандагон гуфтанд, ки наҷотдиҳандагон ҳамарӯза дар талоши наҷоти ҷони инсонҳо аз хатарҳои эҳтимолианд ва дар мавридҳое ҷони худро низ дар хатар меандозанд. 

Раҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳамкорони ҳамкорони худро ба муносибати дарёфти ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш муборакбод мекунад ва ба онҳо комёбиҳо дар фаъолиятҳои ояндаашон таманно дорад. 

барчасп: