Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд

5 январи соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвари Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо иштироки Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-майор Аҳлиддин Маҷидзода коллегияи КҲФ оид ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хид матӣ дар соли 2021 баргузор шуд.

Дар кори коллегия сардорони Сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсатҳои минтақавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоятҳо ва шуъбаҳои шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ иштирок доштанд.

Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин гузошта шуданд:

- ҷамъбасти фаъолият дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар соли 2021;

- ҳолати омодагии воҳидҳои сохтории Кумита дар давраи зимистони соли 2022;

- омодасозӣ ва бозомӯзии ҳайати шахсӣ ва кор бо кадрҳо дар соли 2021;

- таҳлили интизоми ҳарбӣ дар Дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохторӣ ва қисмҳои ҳарбӣ дар соли 2021.

Ҷаласаро раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ифтитоҳ кард ва қайд намуд, ки соли 2021 барои ҷумҳурӣ ҳарчанд осон набуд, вале кормандони Кумита тавонистаанд сари вақт ба кумаку дастгирии аҳолии осебу зарардида расанд.   

Аз рӯи масъалаи якум муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода полковник Х.Латифзода суханронӣ кард. Дар бораи вазъи омодагии воҳидҳои сохтории Кумита ба давраи зимистони соли 2022 муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда полковник Иброҳимзода И. дар бораи омодагии воҳидҳои сохтории Кумита ба давраи зимистони соли 2022 маълумот дод. 

Дар масъалаҳои сеюму чорум ҳисоботи сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ва сардори раёсати қушунҳои КҲФ шунида шуд.   

Ҳисоботи роҳбарони раёсатҳои КҲФ дар шаҳри Душанбе ва се вилояти кишвар дар бораи фаъолияти раёсатҳо дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд, ки барои қабули қарорҳои зарурӣ ва самарабахш дар шароити кунунӣ мӯҳлатҳо дода шуданд.

Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-майор Аҳлиддин Маҷидзода бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти Сарраёсатҳо, Раёсатҳо ва умуман КҲФ дар соли 2022 ба ҳамкориҳои нисбатан созандаву пурсамар бо дигар вазорату идораҳо даъват намуд.

Дар рафти ҷаласа Раиси КҲФ ҳисоботи роҳбарони бахшҳоро оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, инчунин Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо барои солҳои 2019-2030»- ро шунид.

Зимни суханронии худ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-полковники милитсия Р.Назарзода таъкид дошт, ки чорабиниҳои муштарак бо тамоми вазорату идораҳои салоҳиятдори кишвар дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда идома дода мешаванд.

 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба аҳамияти иҷрои фармону дастурҳои дахлдори Сарвари давлат, аз ҷумла иҷрои бечунучарои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташударо таъкид кард. Дар доираи барномаҳои давлатӣ тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи босамари Барномаҳои қаблан қабулшуда, инчунин аз тобеон риояи қатъии интизоми ҳарбӣ ва хизматӣ ва баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумита барои иҷрои вазифаҳои хидматиро талаб намуд.

Дар ҷараёни коллегия вазифаҳои Кумита дар соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳое, ки бояд тақвият дода шаванд, муайян карда шуданд.

барчасп: