Ахбори рӯз

Дарси омӯзишӣ дар мактабе дар шаҳри Хоруғ

Дар қаламрави кишвар чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо идома доранд.

Чунончӣ, дар муассисаи таҳсилоти умумии №5 ба номи Шониёз Мухторшоеви шаҳри Хоруғ бо иштироки кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ва намояндаи Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист дарси

Ҷаласаи сайёри Шӯрои бонувони КҲФ дар вилояти Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи сайёри Шӯрои бонувон баргузор шуд, ки дар он аз ҳамаи шуъбаҳо дар шаҳру навоҳии вилояти ширкат карданд.

Дар ҷаласа чорабиниҳои 9 моҳи охир мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз фаъолияти нуҳмоҳа натиҷагирӣ ва аз вазифаҳои

Дар Тоҷикистон ду мактаби нав ба ҷойи мактабҳои аз заминларза зарардида ба истифода дода шуд

Дар Тоҷикобод бинои ду мактаби нав, ки бар асари заминларзаи 11 июли соли равон дар деҳаҳои Сумандара ва Мазори болои ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод хароб шуда буданд, ба истифода дода шуданд.

Дар мактаби нави деҳаи Мазори боло 345 нафар хонандагон дар ду баст таҳсил мекунанд. Ин мактаб 10 синфхонаи

Ҷойи дуюми корманди КҲФ дар Олимпиадаи Академияи ҳифзи шаҳрвандии Русия

Дар Олимпиадаи Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия бахшида ба Рӯзи мудофиаи гражданӣ беш аз 200 нафар иштирок карданд ва капитан Ҷалол Холов-магистри соли дуюми ин Академия дар миёни афсарон ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Ин олимпиада дар низоми офлайн ва онлайн баргузор...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардиҳо ва борону барфи рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз пагоҳ, 8-уми октябр то 11 октябри соли 2021 дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст, дар баъзе ноҳияҳо шамол дар як сония аз 7 то 12 метр хоҳад вазид. Дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 3000 м) борон ба тадриҷ ба барфи тар мубаддал мешавад.

Страницы