Заминларзаи дирӯз. Аз талафоти ҷониву хисорот гузориш нарасидааст

Бино ба гузориши Институти геология  ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи гузашта, 13 январ соати 17:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Бино ба гуфтаи ин  манбаъ маркази заминларза 20 километр шарқи ноҳияи Рашт ва 153 килеметр шимолу шарқи шаҳри Душанбе дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 

Қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл ва дар ноҳияи Рашт 3 баллро ташкил дод. Ин зилзила талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт. 

барчасп: