Ахбори рӯз

Ду фоҷеаи ду рӯзи гузашта: Духтарчаи дусоларо оби канал ҳалок кард. Дар садамаи мошин ду нафар ҷон бохтанд

Дӯ рӯйдоде, ки ҳару талафоти ҷонӣ доштанд. Дар ноҳияи Восеъ духтарчаи дусола дар канали назди ҳавлиашон ғарқ шуд. Дар Нуробод мошине, ки бо суръати баланд меомад, сабаби марги ду мусофир шуд. Ду ҳодисае, ки аз беэҳтиётӣ рух дод, ду ҳодисае, ки  мешуд аз он пешигирӣ кард.

Духтарчае, ки ҳамагӣ 2 сол дошт, аз беназоратии волидон дар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз яхбандӣ ва туман дар роҳҳо ҳушдор медиҳад!

Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳӣ ва назикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ дар соатҳои субҳ туман, яхбандӣ дар назар дошта шуда, ҳамчунин хатари лағзиши тарма ва резиши санг вуҷуд дорад.

Яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои ронандагон туман аст. Ин ходисаи табиат боис мешавад, ки ронандагон дурро набинанд

Дар хомӯш кардани сӯхтори “Яккасарой” имдодгарони КҲФ саҳм доштанд

Алангаи оташ субҳи имрӯз шабакаҳои иҷтимоиро такон дод. Дар шаҳри Душанбе яке аз беҳтарин тарабхонаҳо оташ гирифт. Забонаи одаш ба ҳадде баланд буд, ки аз дуриҳои дур дида мешуд. Дуди ғализ фазои атрофро тира карда буд. Дар чанд дақиқа расму наворҳои зиёде дар шабакаҳо ба гардиш даромаданд. Ва дар ҳошияи ин оташсӯзии азим шарҳҳо низ фузун шуданд. Иллати аслии сӯхтор то ҳоло эълон нашудааст.

Чор куштаву ду маҷрӯҳи як садамаи маргбор дар Деваштич. Се нафар ҳалокшудагон узви як хонадон буданд

Бар асари як садамаи маргбор дар даромадгоҳи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд се нафар ба ҳалокат расиданд ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Мошинҳо ба ҳам бархӯрданд. Сабаби ин садама пурра таҳқиқ нашудааст, вале ба гумони ғолиб риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ буд, ки сабабгори ба ҳам задани ду мошин шудааст. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи

КҲФ: Роҳи Рӯшон – Бартанг муваққатан баста аст. Эҳтиёт кунед!

Барфу борони шадиде, ки пеш аз ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинонро огоҳ карда буд, сабабгори лағзиши тарма дар роҳи Рушон-Бартанг шуд ва ин ҳаракати нақлиётро ба мушкил рӯбарӯ сохт.

Чунончӣ, 6 январи соли 2022 дар километри 92 роҳи мошингарди Рушон-Бартанг, ки аз қаламрави деҳаи

Страницы