Ахбори рӯз

Шӯрои бонувони Раёсати КҲФ дар Суғд фаъолияти яксолаи худро таҳлил кард

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии солонаи фаъолияти шӯрои занони Раёсати вилоят ва вазифагузорӣ барои соли 2021 баргузор гардид. Дар ҷаласаи шӯрои занони Раёсат муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ полковник Ширинҷон Собирзода, афсари калон оид ба супоришҳои махсус капитан Раҳмон Муродқулов ва  хизматчизанҳои...

Роҳандозии корҳои таблиғотиву соҳилбандӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш, коҳиши хатари офатҳои табиӣ як силсила корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва пешгирикунанда ба роҳ монда шудаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд. Чунин чорабиниҳои мухталиф аз тарафи кормандони бахши Раёсати вилоят дар ноҳияи Шаҳристон дар ҳамкорӣ бо Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо ҷалби аҳолии деҳа ба роҳ...

Инфиҷори як баллони газ дар ошхона ҷони 23 нафарро дар хатар гузошт. Шарҳи расмӣ

Бино ба иттилои бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷекат рӯзӣ 25 январи соли равон бар асари таркиши як баллони гази моеъ дар ошхонаи Самарқанд воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 157-и шаҳр 23 нафар кормандони ҳамин ошхона, ки 15 нафари онҳо зан ва 8 нафари дигар мардон мебошанд, бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда...

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Паёми солонаи Сарвари Давлат ба Маҷлиси Олиро дастаҷамъона шуниданд (ВИДЕО)

26 январи соли 2021 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи воҳидҳои минтақавии он тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Ширкати имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар хомӯш кардани сӯхтори бозори “Султони Кабир”

Ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳуку мати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари сӯхтор дар яке аз калонтарин бозорҳои пойтах – бозори “Султони Кабир” соати 07:27 дақиқаи рўзи 25 январи соли 2020 расид. Ва ба тариқи фаврӣ ба ҷойи ҳодиса воҳидҳои дахлдор ҷиҳати ширкат дар хомӯш кардани забонаи оташ равон карда шуданд.

Страницы