Мулоқоти ҳайати шахсии КҲФ бо намояндаи Кумитаи дин

11 феврали соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавэӯъи “Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд.

Мутахассиси пешбари раёсати Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну  маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Назаров зими суханронии худ ба иҷрои бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид кард. Вай ҷанбаҳои қонунии онро бо овардани чандин мисоли мушаххас шарҳ дод. 

Дар мулоқот миёни ширкаткунандагон дар мавзӯъи мавриди баҳс табодули афкор сурат гирифт.  

 Ҳамин гуна дидору мулоқотҳо ва омӯзиши Қонунҳои кишвар дар кулли раёсату шуъбаҳои КҲФ муттасил баргузор мешаванд. 

барчасп: