Бо мақсади фароҳам овардани низоми самараноки ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, инчунин амалӣ намудани вазифаҳои ба миён гузоштаи Раиси КҲФ доир ба гузаронидани вохӯриҳои иловагӣ, пешгирикунанда ва роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар байни аҳолӣ мулоқоту дидорҳо баргузор карда мешаванд.
Чунончӣ, кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар қаламрави ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷекат ва ҷамоатҳои ноҳияи Шаҳристони вилоят, ки дар минтақаи эҳтимоли лағзиши тарма, сел ва ярч қарор доранд, дар мавзӯи: «Амалҳо ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ ва чораҳои эвакуатсияи аҳолӣ ба маконҳои амн” суҳбатҳои роҳандозӣ карданд.
Дар ҷараёни ин вохӯриҳо кормандони КҲФ харитаи минтақаҳои хатарнокро муаррифӣ карданд ва аҳолиро аз эҳтимоли хатар дар ин мавзеъҳо огоҳ намуданд.
Ба ширкаткунандагон дастурҳои методӣ тақсим карда шуданд, ки амалҳои дуруст дар ҳолатҳои гуногуни табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаро нишон медоданд.
Дар ин мулоқотҳои омӯзанда бештар аз 100 нафар ширкат карданд.
Ин гуна мулоқотҳо қарор аст дар оянда дар дигар ноҳияҳо низ роҳандозӣ шаванд.