Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 16-уми феврали соли 2022 хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.
Дар натиҷаи резиши барф дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии ғарбии ВМКБ ва роҳҳои мошингарди кӯҳии Душанбе-Чаноқ, Душанбе–Лахш, Душанбе–Рашт, Рашт–Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ - Рӯшон - Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим - Мурғоб, Хоруғ-Ҷилондӣ хавфи лағзиши тарма, резиши санг ва яхбандӣ вуҷуд хоҳад дошт.
Барои таъмини бехатарии мошинҳо ва ронандагону мусофирон дар роҳҳои мошингард наҷотдиҳандагони воҳидҳои наҷоти КҲФ шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ронандагон қабл аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аввалтар аз ҳама бояд маълумоти лозим дар бораи хати сафари худро ба даст оранд. Агар барфу борону хатари тарма дар ин маълумотномаҳо пешбинӣ шавад, пас аслан худдорӣ аз сафар ба манифат аст.
Мошинҳоро пеш аз сафар санҷед, чархҳои тобистониро бо зимистонӣ иваз кунед, барои эҳтиёт арғамчин, бел, регу шағал, ғизои гарму захираи кофии обу безнзин бо худ дошта бошед.
Фаромӯш накунед, ки ба доруқутии мошин як назар андозед ва онро бо доруҳои зарурӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ, пахтаву дока ғанӣ гардонед.
Ба хотирӣ таъмини амнияти худ ва ҳамсафаронатон ҳаргиз суръати ҳаракатро боло набаред, оҳиста равед ва дур равед. Фаромӯш накунед, ки шуморо ҳамеша фарзандону пайвандонатон интизоранд.
Риояи фосила байни мошинҳо яки дигар аз тадбирҳои таъмини амнияти шумо ва равандагони ин роҳ аст. Онро ҳатман риоя намоед!
КҲФ ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД ВА ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШЕД!!!