Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ рӯзи гузашта, 13-уми феврал соати 16:30 дақиқа дар километри 31-32 роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим дар мавзеъи Баржири ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим ва километрҳои 51-52 ум мавзеи Бижури Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим тарма фаромада, роҳи нақлиётро пурра баст.
Барои тоза намудани роҳ аз тарафи МДНРА ноҳияи Ишкошим 1-адад техникаи муҳандисии булдозери ДТ-75 сафарбар гардида, тахминан соатҳои 21:34 дақиқа роҳи бастаи километрҳои 51-52 уми мавзеи Бижури Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим ба пуррагӣ боз шуд.
Корҳои бартарафсозии паёмадҳои тарма дар километри 31-32 мавзеи Баржири Ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим идома дошта, айни ҳол роҳ баста мебошад.
Ҳамчунин боз ҳам рӯзи 13-уми феврали соли 2022, соати 16:55 дақиқа дар километри 8-уми роҳи дорои аҳамияти маҳаллии Хоруғ-Ишкошим, мавзеъи Ниводаки шаҳри Хоруғ, километрҳои 18-24 уми деҳи Пиши Ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов ва тахминан соатҳои 18:00 дақиқа дар километрҳои 30-уми деҳаи Нишуспи ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов тарма фаромада, роҳро муваққатан баст.
Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада 1-адад техникаи муҳандисӣ боркунаки фронталӣ аз МДНРА ноҳияи Шуғнон сафарбар гардида, соати 18:32 дақиқа клометри 8-ум, соати 20:40 дақиқа дар километрҳои 18-24 ум ва соати 22:40 дақиқа дар километри 30-юм роҳ боз шуд. Ҳоло равуои нақлиёт ба ду самт ба роҳ монда шудаву монеъае нест.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд. Баъди боришоти рӯзҳои охир гармии дамои ҳаво боис шудааст, ки хавфи лағзиши тармаву резиши санг бештар шавад. Аз ин рӯ, хуб мебуд муваққатан аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ шавад.
Ҳамчунин рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум низ метавонад хатар дошта бошад.
Бачаҳоро беназорат нагузоред, ҳамчунин иҷозат надиҳед, ки бе роҳбаладии калонсолон кӯҳу пушта раванд.