Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 28-29 январи соли 2022 дар қаламравӣ ҷумҳурӣ дамои ҳаво поён рафта, борону барф м еборад, дар баландкӯҳҳо (болотар аз 2000 м) барфи шадид дар назар дошта шудааст. Аз 29 то 31 январи соли равон дар баъзе ноҳияҳои туман ҳаворо тира мекунад.
Дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Айнӣ — Хуҷанд, Душанбе — Сангвор, Ваҳдат – Рашт –Лахш – Қарамиқ, Ш. Шоҳин – Дарвоз, Ванҷ- Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ— Мурғоб ҳавои сард сабаби яхбандӣ мешавад, лағзиши тарма ва резиши санг низ эҳтимол дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои пешгирии садамаҳо дар роҳҳо аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки пеш аз сафар воситаҳои нақлиёти худро омода созанд, чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд. Тавсия дода мешавад, ки мошинҳои боркаш занҷирҳои зиддилағзиш дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ба меъёри суръат ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.
КҲФ тавсия медиҳад, ки ба чорводорӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир шавад ва ҳангоми чаронидани чорво дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ шароит ва вазъи ҳаво ҷиддан ба назар гирифта шавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар ба маҳалҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Дар робита ба коҳиши пешбинишудаи ҳарорат ва боришот бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои мавсимии роҳи нафас КҲФ аз аҳолӣ даъват ба амал меорад, ки мувофиқи мавсим сару либос пӯшанд, ниқобҳои муҳофизатӣ дошта бошанд ва қоидаҳои санитарию беҳдоштиро риоя намоянд. Волидон ва калонсолон бояд кӯдаконро зери назорат гиранд.
Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ё техногенӣ ба телефонҳои 112 ё 93 880 28 19 занг занед.