Ахбори рӯз

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Олам дар остонаи мавҷи нави сироят ба коронавирус қарор дорад

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шабонарӯзҳи гузашта дар саросари олам боз 362 031 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумори умумии гирифторон ба 187 миллиону 519 ҳазору 798 нафра расид. Рӯзи гузашта 6135 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтанд ва теъдоди фавтидагон аз аввали ҳамагирӣ ба 4 049 372 расид. Аммо Донишгоҳи Ҷонз Ҳонкинз шумори сироятшудагон ба коронавирусро

Корҳои таблиғотӣ дар тафреҳгоҳҳои наздисоҳилии Суғд. Наҷоти як шиновари 18-сола дар Душанбе, ки қариб буд ғарқи об мешуд

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсатдар мавриди риояи қоидаҳои обббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар соли 2021, ҳамарӯза рейдҳо, корҳои таблиғотӣ дар байни аҳолӣ баргузор мекунад. Чунин як чорабинӣ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Ду заминларзаи нимишабӣ дар фосилаи 15 дақиқа. Талафоти ҷонӣ нест

14-уми июли соли равон соати 01:56 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази зилзила 196 километр шимолу шарқи Душанбе,  14 километр шарқи ноҳияи Рашт буд. Қувваи заминларза дар марказаш 3-4 баллдар шаҳри Душанбе  2 баллро ташкил дод.

Ба дунболи ин тахминан соати 02:10 дақиқа ба вақти маҳаллӣ

Боронҳои пуршиддату селҳои азими тобистонӣ. Ҳалокати як ҷавони 18-сола аз задани барқ. ШАРҲИ РАСМӢ

Шабонарӯзи гузашта бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави як қатор ноҳияҳо омадани сел, раъду барқ ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин офатҳо хонаҳои истиқоматӣ, хоҷагиҳои ёрирасону заминҳои наздиҳавлигӣ зарар диданд ва дар баъзе минтақаҳо сели пуршиддат роҳҳоро ҳам шуст. Чунончӣ, 13 – уми июл тахминан соати  13:05 дақиқаи вақти

Паёмадҳои заминларза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод рафъ мешаванд (ВИДЕО)

Бино ба маълумоти Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Тоҷикобод ва Гурӯҳи корӣ дар деҳаҳои Саричашма, Бӯстон, Кӯли Боло,  Сумандара, Лангари Шоҳ, Мазори Боло, Мазори Поён ва Анвар Қаландари ин ноҳия дар натиҷаи заминларзаи рӯзи 10-уми июли соли ҷорӣ хонаҳои истиқоматӣ хароб шуданд ва мутаассифона, панҷ нафар ҷони худро аз даст доданд.

Страницы