Дарси омӯзишӣ дар шаҳри Турсунзода

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода  19 январи соли 2022 бо сардорони ситодҳои ҷамоатҳои деҳот, корхонаҳо, ташкилотҳо, ва муассисаву хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода,  ҷамъомади таълимию методии ҳуҷҷатгузории соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, тартиби гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ гузаронд.

Дар ин нишаст ҳамчунин моҳияти қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкили захираҳои моддӣ, оид ба Низоми ягонаи давлатӣ, тартиби таъсиси неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, мақомоти роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, омўзиши мудофиаи гражданӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ҷамъомади таълимию методӣ тариқи маърўза ва электронӣ фаҳмонда шуд.

Дар чорабинӣ 87 нафар иштирок намуда, ба 57 нафар сардорони ситодҳо маводҳои электронии ҳуҷҷатгузорӣ барои корбарӣ дастрас гардида, ҳамзамон 378 плакатҳо ва 540 адад китобчаҳои омўзишӣ тақсим карда шуд.

барчасп: