Дар «Ширкати алюминии тоҷик» бахшида ба ҷамъбасти фаъолияти Ситоди пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Турсунзода, роҳбарону кормандони ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» иштирок доштанд. Дар ҷаласа ҳисоботҳо оид ба иҷрои чорабиниҳо дар соли гузашта шунида шуда, вазифаҳо барои соли 2022 муайян карда шуданд.
Зикр гардид, ки дар соли сипаришуда ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда корҳои наҷот дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуданд.
Бо ин мақсад дар давоми сол бо Шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда, Комиссияи рафъи окибатҳои ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳр машғулиятҳо гузаронида шуда, амалиёти гурўҳҳо ҳангоми рафъи ҳодисаҳои гуногуни фавқуллода таҷриба карда шуд. Инчунин, бо кормандони ноҳия оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда машғулиятхо гузаронида шуданд.
Хамаи тадбирхои андешидашуда ба он нигаронида шуда буданд, ки қувваю воситаҳои мудофиаи гражданӣ ба иҷрои тадбирҳои пешгирӣ ва бартараф намудани ҳодисаҳои эҳтимолӣ тайёр бошанд.
Дар ҷамъбасти фаъолияти солона ҷиҳати рафъи камбудиҳои дар соли 2021 ошкоршуда корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Нақшаи тадбирҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданй, пешгирй ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда пурра ичро гардида, самтҳои кор дар соли ҷорӣ муайян карда шуданд.