Диду боздиди Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд. Суҳбати рӯбарӯ бо кормандон, афсарон ва сарбозон

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода бо роҳбарон ва ҳайати шахсии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, сарварони шуъбаҳо ва шӯъбаҳои ноҳиявӣ мулоқот кард, ҳамчунин аз қисми ҳарбии Кумита мустақар дар қаламрави ин вилоят дидан намуд.

Дар ҷараёни мулоқот дар Раёсат Сарвари КҲФ ҳисоботи сардорони шуъбаҳои Раёсат ва шуъбаҳои ноҳиявиро дар мавриди чораву тадбирҳои андешида дар соли 2021 ва нақшаҳо дар соли 2022, ҷараёни татбиқи “Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2018-2022”, ҳамчунин “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2022”, ҳамкориҳо бо мақомоти иҷроияи давлатии маҳаллиро шунид. 

Инчунин оид ба қарорҳои Ҳукумати ноҳия ва шаҳрҳои вилоят дар  мавриди ҷудо намудани маблағ барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ байни аҳолӣ, тақвияти чораҳои муҳофизатӣ дар минтақаҳои осебпазир гузоришҳо шунида шуданд

Раиси КҲФ зимни суханронии худ ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои софдилонаи вазифаҳои хидматӣ, риояи интизоми ҳарбӣ, Оинномаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.

Мавзӯъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин роҳандозии корҳо барои пешгирии шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ бахши дигар аз суханронии Раиси Кумита буд, ки ба тақвияти он таъкид намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси Кумита ба кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд барои фаъолияти пурсамарашон дар соли 2021 изҳори сипос намуд.

Дар идомаи сафари корӣ раиси КҲФ аз қисми низомии Кумита воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд дидан кард.

Раиси Кумита бо шароити зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ, захираҳои ғизоӣ барои давраи зимистон дар анборҳои қисми ҳарбӣ, омодагӣ ба мавсими зимистон шинос шуд, аз бинои нави ҳаммом барои сарбозон, ки ахиран сохта ба истифода дода шуда буд, дидан кард, бо сарбозон ва наваскарон суҳбати рӯбарӯ дошт. 

барчасп: