30 ҳолати фавқулодаи соли 2021 дар ноҳияи Мастчоҳ 46 млн 250 ҳазору 800 сомони зарар овардааст

Дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ аз фаъолияти комиссияи ҳудудии ноҳия дар соли 2021 натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ҷаласаи мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия, раиси комиссия Аъзам Ализода, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, полковник Ширин Собирзода, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, майор Ҷамшед Кучаков, муовинони раиси ноҳия ва сардорони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ  иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи сардори бахши ноҳиявии  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба фаъолияти комиссия дар соли 2021 шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 30 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 16 ҳолати сӯхтор, 9 садамаи роҳу нақлиёт, 2 ҳолати табиӣ - шамолҳои сахт  ва 3 ҳолат ғарқшавӣ буда, дар натиҷа 6 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз ҳодисаҳои фавқулода дар ин давра 9 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Хисороти модии ҳодисаҳои фавқулода 46 млн 250 ҳазору 800 сомониро ташкил додааст.

Оид ба рафти соҳилмустаҳкамкунӣ сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ Искандар Азизов маълумот дод.

Дар ҷаласаи мазкур раиси комиссия, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба масъулин барои  фаъолияти пурсамар ва ноил шудан ба натиҷаҳои назарраси корӣ супоришҳои мушаххас дода, барои ҷоннок намудани фаъолияти комиссия дар соли 2022 вазифагузорӣ кард.

 

Ш. Бутаева