Ду хабари рӯзи гузашта. Заминларза дар кишвар. Боз кардани даре дар Душанбе

Бино ба хабари Институти зилзиласанҷии Тоҷикистон рӯзи гузашта, 12-уми январи соли 2022 соати 10:26 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 230 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 146 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Хоруғ, дар қаламрави Афғонистон буд.

Қувваи ин заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Хоруғ 2 балл буд. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар хабар дода нашудааст. 

12-уми январи соли равон соати 19:33 дақиқаи вақти маҳаллӣ як истиқоматкунандаи хиёбони Рӯдакӣ 150 шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдорӣ занг зад ва хабар дод, ки дари хонааш баста шудаасту наметавонад вориди он шавад.  

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус ба соҳиби хона барои боз кардани дари бастаи вай кумак расонданд. 

Даркушоӣ бо хоҳиши шаҳрвандон зиёд иттифоқ меуфтад. Чунончӣ соли 2021 имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати шаҳрвандон 214 дари ногаҳон басташударо боз карданд ва 83 нафарро наҷот доданд. 

КҲФ ёдовар мешавад, ки шаҳрвандон ҳангоми берун шудан аз хона эҳтиёткор бошанд ва ҳамеша калидро бо худ гиранд.

Мумкин нест, ки ноболиғон дар хона танҳо монанд. Вале агар рафту зарур шуд, танҳо монанд, бояд ба онҳо аз қабл фаҳмонед, ки дар набудани шумо чӣ бояд кунанд. Ва агар рафту дари хона тасодуфан баста шуд ва калидро шумо дар хона фаромӯш кардед, кӯдакон бояд чӣ кунанд.

Барои муфассалтар ошно шудан бо дастури волидон ба кӯдакони танҳо ва маслиҳату машварати мутахассисон ба ин навишта дар сомонаи мо таваҷҷуҳ намоед:

ОЁ МЕТАВОН КӮДАКОНРО ДАР ХОНА ТАНҲО ГУЗОШТ?

барчасп: