Пажӯҳиш: Маркази Коперник соли 2021-ро ба даҳгонаи гармтарин солҳои Сайёра дар 125 ҳазор соли охир дохил кард

Ахиран донишмандон ҳушдор доданд, ки Сайёра боз як соли гармро пушти сар гузошт, вале ҳамроҳ ба ин гармоиши шадид тамаркузи газҳои гулхонаӣ – омили аслии ин тағйири иқлим, ки бо дастони одам рух медиҳад, қувват мегирад.  Сайёра ба таври хатарнок гарм мешавад.

Ҳафт соли охир дар ҳама таърихи мушоҳидаҳо гармтарин солҳо буданд ва соли 2021 дар ҷойи панҷум буд. Ба ҳамин натиҷа расиданд олимони аврупоие, ки дар Маркази Коперник дар Иттиҳоди Аврупо тағйири иқлимро мушоҳида мекунанд.

Марио Фаччини – роҳбари барномаи ёдшуда вақте ҳисоботро дар як нишасти матбуотӣ муаррифӣ мекард, гуфт, ки ҳоло тасмими бебозгашт ва қатъӣ будани мубориза бо тағйири иқлим маълуму рушантар шудааст. Ба он нигоҳ накарда, ки соли 2021 дар оғоз сард омад, вале баъдан анъанаи солҳои пешро дар гармои тоқатшикан идома дод ва яке аз панҷ соли гармтарин дар ҳафт соли охири мушоҳидаҳо буд. Соли 2021 низ дар даҳгонаи солҳое дохил аст, ки  зарфи 125 ҳазор соли охир даҳсолаи гарми Сайёра метавон номид. 

Ин донишмандон боз ҳам бо изтироб изҳор доштанд, ки дамои ҳаво оянда низ бар асари партоби газҳои гулхонаӣ дар замин гармтар мешавад. Одамон ва кишварҳо ҳар тасмиме гиранд ё нагиранд, ин раванд дар даҳсолаи оянда шикаста намешавад, танҳо ин ки иқдомҳои созанда паёмадҳои манфии онро коҳиш медиҳад.

Маркази Коперник рӯзи душанбе бо муаррифии маърӯзаи худ эълон кард, ки тамаркузи газҳои гулхонаӣ дар фазо дар соли 2021 афзуд. Дар ин миён таъсири гази карбон ва метан ба ҳадди рекордӣ расид.

Аллакай +1,2°С

Соли гузашта олмион билохира ба ин натиҷа расида буданд, ки Сайёра ба ҳадди рекордӣ гарм мешавад ва инсон як сабаби аслии ин гармоиши бесобиқа мебошад. Зери  ин хулоса на танҳо донишмандон, балки сиёсатмадорон тақрибан аз ҳамаи кишварҳои олам имзо гузоштанд.

Онҳо пештар ҳам, вақте дар Порис муоҳадаи мубориза бо тағйири иқлим имзо мешуд, ҳамин хулосаро ироа карда буданд ва талош бояд мешуд, то ҳаддиақал то миёнаҳои асри ҳозир гармии дамо дар ҳудуди афзоиши 1,5°С дар қиёс ба сатҳи то саноатишавии олам нигоҳ дошта шавад.

Донишмандон мегӯянд то 2 дараҷа гарм шудани дамои ҳаво барои Сайёра фоҷеабор хоҳад буд ва дигар ҳар тасмиму қарор наметавонад то охири аср ҳам ин афзоишро боздорад. 

Бино ба маърӯзае, ки рӯзи душанбеи гузашта маркази Коперник муаррифӣ кард, соли 2021 дамои миёнаи сол дар қиёс ба солҳои 1850-1900 болотар аз ҳадди 1,1-1,2°C буд. AGES

Тағйири иқлим дар сайёра ба ҳаёти башар таҳдид мекунад, зеро он хатари мудҳиши харобиҳои табиӣ дорад, метавонад сабаби муҳоҷирати азим, зери об мондани шаҳрҳо ва заминҳо шавад.

Обшавии сартосарии пиряхҳо як хатари басо ҷиддии дигар барои оламиён хоҳад дошт. Аз ҳоло шумори қурбониёни гармоиши умумиҷаҳонӣ ба даҳҳо ҳазор мерасад.

МАНБАЪ: ВВС

барчасп: