Дӯ рӯйдоде, ки ҳару талафоти ҷонӣ доштанд. Дар ноҳияи Восеъ духтарчаи дусола дар канали назди ҳавлиашон ғарқ шуд. Дар Нуробод мошине, ки бо суръати баланд меомад, сабаби марги ду мусофир шуд. Ду ҳодисае, ки аз беэҳтиётӣ рух дод, ду ҳодисае, ки мешуд аз он пешигирӣ кард.
Духтарчае, ки ҳамагӣ 2 сол дошт, аз беназоратии волидон дар оби канал ғарқ шуд. Ин ҳодиса рӯзи 9-уми январи соли равон дар қаламрави деҳаи Сафар Амиршоеви ҷамоати Ҳулбуки ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон рух дод. Духтарчаи дусола дар оби канале сарозер шуд ва ғарқ гардид, ки аз назди хонаи онҳо мегузашт. Ҷустуҷӯи ин фариштаи заминӣ муддати як шабонарӯз давом кард ва билохира ҷасади ӯро пайдо кардаву ба волидонаш супурданд.
Даҳуми январи соли равон соати 15:00 дар километри 97100 роҳи мошингарди Душанбе – Нуробод – Лахш ҳангоми ҳаракат аз самти Нуробод ба шаҳри Ваҳдат мошини тамғаи «Опел Астра», ки мутааллиқ ба як шаҳрванди 52-солаи деҳаи Шодмони ҷамоати Муҷахарфи ноҳияи Нуробод буд, ба ҷарии 80-метра сарозер шуд.
Як сабаби аслии ин фоҷеа метавонад суръати хеле баланди ҳаракати мошин бошад, ки ронанда баъдан аз уҳдаи идораи он набаромадааст. Ҳангоми фоҷеа дар ин мошин 4 нафар савор буданд.
Бо талоши касоне, ки ин манзараи ҳузнангезро шоҳид буданд, ронанда ва яке аз мусофирон берун зинда берун оварда шуданд, аммо мутаассифона ду бону, ки яке 49 ва дуюмӣ 67 сол дошт, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Ронанда ва як мусофир бо захмҳои мухталиф ба бемористони ноҳия овардаву бистарӣ карда шуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон мурорҷиат мекунад, ки хеле эҳтиёткор бошанд.
Бахусус ронандагон, онҳшое, ки мусофиркашнӣ мекунанд, бояд бидонанд, ки масъулияти азими амнияту бехатарии ҳамроҳонашон ба дӯши онҳост.
Ҳамеша боло бурдани суръат дар роҳҳои кӯҳӣ, бахусус дар фасли зимистон, ки роҳҳо пур аз барфанду ях бастаанд ва ё туман роҳро хира кардааст, хатар дорад.