Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз яхбандӣ ва туман дар роҳҳо ҳушдор медиҳад!

Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳӣ ва назикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ дар соатҳои субҳ туман, яхбандӣ дар назар дошта шуда, ҳамчунин хатари лағзиши тарма ва резиши санг вуҷуд дорад.

Яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои ронандагон туман аст. Ин ходисаи табиат боис мешавад, ки ронандагон дурро набинанд ва агар мошинро дар ин гуна ҳолатҳо бо суръати баланд ронанд, хатари бархӯрд бо мошини дигар меафзояд. Як аз сабабҳои садамаҳо дар фасли зимистон туман аст.

Дар ҳамин итибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Бояд ҳама донанданд як кафолати аслӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои туманолуда ин боло набурдани суръати ҳаракати мошин аст.

Дар ёд дошта бошед: Шумо бо риояи қоидаҳои ҳаракат на танҳо ҷони худро аз хатарҳо эмин нигоҳ медоред, балки ҷони ҳамроҳону ҳамсафарони худро низ аз ҳар гуна ҳодисаи нохӯш ҳифз мекунед!

ЧАНД ТАВСИЯ ДАР ИН МАВРИД:

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки меъёри суръат ва қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, ба ҳолати техникии мошин, бахусус системаи тормоз, ҳолати чархҳо ва мутобиқати онҳо ба мавсим таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд, чароғҳои мошин бояд фаъол бошанд; 

- ором ҳаракат кунед, аз ҷой бо суръати паст мошинро ба ҳаракат дароваред;

 - бо суръате ҳаракат кунед, ки бехатарии шуморо таъмин карда тавонад, ҳангоми убур аз назди мактабҳо, ки маъмулан хонандагон зиёданд, оҳиста мошин ронед. Дар гардишҳо ва ҳангоми гузаштан аз болои пулҳо дақиқ бошед, саросема нашавед, суръати ҳаракатро ҳаргиз боло набаред, ҳангоми ҳаракат дар нишебиҳо низ;

- ҳангоми ҳаракат дар чунин ҳаво талош кунед фосилаи байни мошинҳо бештар аз ҳолати маъмулӣ бошад, зеро ин гарави бехатарист;

 - ба хотири дар барфтӯда ё ях дар намондан ва ё налағжидани чархҳои мошин аз гардиши ногаҳониву тезу тунд худдорӣ намоед.

барчасп: