Наҷоти марди 48-сола дар дарёи Кофарниҳон
Чоп шуд: 09/07/2018 | admin
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аснои навбатдорӣ ва назорат марди 48-солаеро аз хатари ғарқ шудан наҷот доданд, ки мегӯянд аз бемории рӯҳӣ ранҷ мекашид. Ин мард баъди берун овардан аз об ба дасти мақомоти дахлдор супурда шуд.





