Боздиди Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз қисмҳои ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Чоп шуд: 18/04/2018 | admin
Генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни боздидаш аз қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рӯдакӣ ба шароити хизмати сарбозон ва ба вижа наваскарон аз наздик ошно шуд, ба сатҳи маълумот, вазъи оилавии наваскарон мароқ зоҳир кард ва аз командирон талаб намуд, ки ба рафторҳои ғайринизомномавӣ дар қисмњои ҳарбӣ роҳ надиҳанд ва аз зертобеъони худ риояи қатъии интизоми ҳарбиро талаб намоянд.