18-21 сентябри соли 2018 бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии Гарнизони Суғд машқҳои муштараки амалиётӣ стратегии зиддитерористии Қўшунҳои гарнизони Суғд бо ҷалби Қӯшунҳои мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил ва гузаронида шуданд. Машқи мазкур тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2018 гузаронида шуданд. Машқи муштараки амалиётӣ стратегӣ бо роҳбарии вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси вилояти Суғд Р. Аҳмадзода баргузор шуд.
Дар машқи мазкур кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита полковник Ҷ.Маҳмадзода ва дар ҳайати шахсии Раёсати вилоят бо роҳбарии сардори Раёсат полковник Б.Додиён, Дастаи махсусти зудамали наҷотдиҳии вилоят, афсарон ва сарбозони қисми низомии Кумита бо ҷалби техникаҳои муҳандисӣ ширкат варзиданд.
Тибқи маълумотҳои шартӣ вазифаи асосиии онҳо дар рафти машқ дар он буд, ки аз тарафи гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар заводи кимиёвии шаҳраки Гулистон амалиёти диверсионӣ гузаронида шуда, дар натиҷаи партови зиёди маводҳои кимиёвӣ дар ҳаво мушоҳида карда шуд, бо рух додани ҳодиса наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят бо истифода аз техникаву таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, амалиёти безараргардонии маҳал гузаронида, ҳамзамон дар маҳал корҳои садамавӣ наҷотдиҳиро ба роҳ монда аҳолии осоишта ва зарардидагонро аз минтақаи зери хатар қарордошта ба нуқтаи беруназшаҳрӣ эвакуатсия намуданд.
Дар ҷамъбасти машқ бо фармоиши Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси вилояти Суғд як қатор афсарон ва сарбозони ҷузъу томҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла кормандони Кумита ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо медалҳои ҷашнии 25 солагии Қувваҳои Мусаллаҳ, медалҳои фахрии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сипосномаву тўхфаҳо сарфароз гардонида шуданд.