Тамрини ихтиёриён дар Кӯлоб
Чоп шуд: 20/09/2018 | adminДар Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъ якҷо бо намояндагони созмони байналмилалии “Каритас Швейсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои гурӯҳи наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ аз ҷумлаи аҳолии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дарси амалӣ гузаронида шуд.