Семинари омӯзишӣ дар Хоруғ

19 июни соли 2019 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Системаи идорӣ ва амали саривақтӣ дар ҷойи ҳодиса ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда” баргузор шуд.

 Дар семинар роҳбарон ва ҳайати шахсии Раёсат ва мутахассисони Агентии Оғохон оид ба макони зист ширкат намуданд.

Дар ҷараёни семинар рӯнамои идораи вазъи буҳронӣ, табодули таҷрибаи маҳорату малакаҳо оиди бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ пешниҳод шуд.

Ҳамчунин кормандони Агентии Оғохон оид ба макони зист ширкаткунадагонро бо равишҳои омода намудани мутахассисон дар қабули қарорҳо дар ҳимояи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда шинос намуданд.   

Дарсҳо дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар шароитҳои ҳамкориҳо бо хадамотҳои гуногун гузаштанд

барчасп: