Наҷоти се наврас аз коми мавҷҳои туфонии рӯди Сир
Чоп шуд: 19/06/2019 | redaktorСе наврасе, ки шояд бехабар ва шояд огоҳона дар минтақаи мамнуъ ба шиноварӣ оббозӣ мекарданд, аз хатари як марги иҷборӣ наҷот дода шуданд. Онҳоро метавонист мавҷи пурталотуми Сир ба коми худ фурӯ барад, агар сари вақт ба кумакашон наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда намерасиданд. Ва чӣ зиёданд ин гуна ҳолатҳо, ки наврасону кӯдаконро бузургсолон беназорат мегузаранд ва онҳое, ки аз қоидаҳои шиноварӣ огоҳ нестанд, худро ба коми дарё медиҳанд. Ин аст, ки Кумита ба падару модарон ҳушдор медиҳад: Ҳушёр бошед, фарзандонатонро беназорат нагузоред!