Теъдоди қурбониёни садамаи автобус дар Дубай ба 17 нафар расид
Чоп шуд: 08/06/2019 | redaktorШумори ҳалокшудагон дар садамаи автобус дар шаҳри Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб ба 17 нафар расидааст. Дар ин бора пулиси Дубай дар саҳифаи худ дар Твиттер хабар дод. Гуфта мешавад, ки ин автобус мутааллиқ ба ширкати Уммон Mwasalat буда, бегоҳии рӯзи панҷшанбе дар шоҳроҳи Sheikh Mohammed Bin Zayed Road чаппа шудааст.