Боронҳои басо пуршиддату селҳои харобиовар дар манотиқи мухталифи кишвар ҳаёти мардумро ба мушкил рӯ ба рӯ сохтанд. Ин ҳавои номусоид, ки охири моҳи гузашта оғоз шуд ва то ба ҳол идома дорад, дар қаламрави кишвар муҷиби харобиҳои зиёде шуду хисороти бисёр ба бор овард. Мизоми ин зарарҳои расида ҳоло аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулода санҷида мешавад. Дар айни замон корҳои барқароркунии харибиҳо ва бартарафсозии оқибатҳои офоти табиӣ босуръат идома доранд. Қувваҳо ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳо ҷалб карда шудаанд.
Зарфи чанд рӯзи охир дар қаламрави бахше аз навоҳии кишвар боронҳои пуршиддат сабаби боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаву каналҳо шуд ва боиси омадани сел гардид.
Аз ҷумла, дар қаламрави ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Панҷи вилояти Хатлон, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Рӯдакӣ ва Файзобод дар натиҷаи боло рафтани сатҳи об дар дарёҳо лойобаи азим бахше аз роҳҳои мошингардро баст, деворҳои ёрирасони хонаҳои навсохти сокинонро хароб кард, лой қисман ба таҳхонаҳои хонаҳои хусусӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ворид шуд.
Ҳоло вазъ дар кишвар муътадил аст, қитъаҳои селомад зери назорат гирифта шудаанд. Корҳои пешгирӣ ва барқарорсозии харобаҳои офатҳои табиӣ идома доранд. Қувваҳо ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳо ҷалб карда шудаанд.
Ҳамчунин барои зудтар бартараф намудани оқибати ин селхезиҳо ва барқарор намудани харобаҳо аҳолии маҳалҳо низ ҷалб шудаанд.