Теъдоди қурбониёни садамаи автобус дар Дубай ба 17 нафар расид

Шумори ҳалокшудагон дар садамаи автобус дар шаҳри Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб ба 17 нафар расидааст. Дар ин бора пулиси Дубай дар саҳифаи худ дар Твиттер хабар дод. Гуфта мешавад, ки ин автобус мутааллиқ ба ширкати Уммон Mwasalat буда, бегоҳии рӯзи панҷшанбе дар шоҳроҳи Sheikh Mohammed Bin Zayed Road чаппа шудааст.

Дар хабар омадааст, ки автобус аз шаҳри Масқат (пойтахти Уммон) бо 31 мусофир ба Дубай ҳаракат карда буд. Аз ин пештар пулиси Дубай аз ҳалокати 15 нафар хабар дода буд ва мегуфт, ки панҷ тани дигар бо ҷароҳатҳои сангин бистарӣ шудаанд. Ронандаи ин автобус низ бо ҷароҳати начандон хатарнок дар бемористон аст. Ҳукуматдорони Иморати Муттаҳидаи Араб дар аввалин вокуниш ронандаро сабабгори ин садама донистаанд ва гуфтаанд, ки он бар асари иштибоҳ ва бепарвоии ронанда рух додааст. Дар миёни кушташудагони садама намояндагони миллатҳои гуногун аз ҷумлаи ҷаҳонгардоне будаанд, ки аз Салтанатнишини Уммон (кишвари подшоҳӣ дар Ховари миёна) ба Дубай бармегаштаанд.

барчасп: