Наҷоти се наврас аз коми мавҷҳои туфонии рӯди Сир

Се наврасе, ки шояд бехабар ва шояд огоҳона дар минтақаи мамнуъ ба шиноварӣ оббозӣ мекарданд, аз хатари як марги иҷборӣ наҷот дода шуданд. Онҳоро метавонист мавҷи пурталотуми Сир ба коми худ фурӯ барад, агар сари вақт ба кумакашон наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда намерасиданд. Ва чӣ зиёданд ин гуна ҳолатҳо, ки наврасону кӯдаконро бузургсолон беназорат мегузаранд ва онҳое, ки аз қоидаҳои шиноварӣ огоҳ нестанд, худро ба коми дарё медиҳанд. Ин аст, ки Кумита ба падару модарон ҳушдор медиҳад: Ҳушёр бошед, фарзандонатонро беназорат нагузоред!

Ба шарофати вокуниши фаврии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳаводиси нохӯш дар махзанҳои об навбатдорӣ мекунанд, се навраси то 15-сола наҷот дода шуданд. 

Ҳангоми навбатдорӣ дар соҳилҳои дарёи Сир гурӯҳи ғаввосон-наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд се сокини шаҳри Хуҷандро, ки дар ҳоли ғарқ шудан дар об буданд, наҷот доданд. Ин наврасон дар минтақае оббозӣ мекарданд, ки шиноварӣ манъ буд. Онҳоро аз мавҷи об ба берун, ба соҳил оварданд. Дар аввалин фурсат барояшон ёрии тиббӣ расонда шуд. Баъди он ки духтурон наврасонро муоина карданд, онҳо ба хонаҳои худ равон гаштанд. 

Ба хотири пешгирӣ аз чунин рӯйдодҳои нохуш наҷотдиҳандагони КҲФ маҷмуи чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарӣ дар обҳо мегузаронанд ва ин як вазифаи хеле муҳими наҷотдиҳандагон дар мавсими тобистон мебошад. 

Ҳамарӯза мутахассисони Кумита дар гӯшаву канори кишвар, дар минтақаҳои наздисоҳилӣ, лагерҳои истироҳатӣ, ҳавзҳои шиноварӣ навбатдорӣ мекунанд ва ҳамзамон бо роҳандозии мулоқотҳо ба истироҳаткунандагон дар бораи хатари шиноварӣ дар ҷойҳои мамнуъ ва расонидани ёриҳои аввалияи тиббӣ суҳбатҳо баргузор мекунанд.

Кумита бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар манотиқи наздисоҳилӣ ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намоянд. Онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред! 

барчасп: