Мусобиқоти варзишӣ бахшида ба 25-солагии Кумита идома доранд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи мусобиқоти варзишӣ бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси КҲФ ба намуди варзишӣ, ба монанди вазнкашӣ дар турник  сабқат карданд.

Дар ин мусобиқа 27 нафар кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти мусобиқот, дар ҷараёни муборизаи устувор ҷойҳои аввал ба ин тартиб тақсим шуданд:

 Ҷойи аввал насиби афсари Шуъбаи  ҳуқуқ  КҲФ С.Давлатон шуд, ки дар турник худро 24 маротиба кашид.

Старшинаи яке аз қисмҳои ҳарбии КҲФ  Р.Гулзорхонов бо 23 маротиба кашидани худ дар турник соҳиби ҷойи дуюм шуд.

Ва ҷойи сеюм ба лейтенанти калони яке аз қисмҳои ҳарбии КҲФ З.Маҷидов тааллуқ гирифт, ки дар турник 21 маротиба вазнашро кашид.  Мусобиқоти варзишӣ  дар ин самт идома дорад.

барчасп: