Мулоқоти генерал Назарзода ва Ҷон Марк Поммершайм дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

24 уми апрели соли равон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори тозатаъини ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ҷон Марк Поммершаймро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Сарвари КҲФ ҷаноби Сафирро ба муносибати ин таъиноташ муборакбод намуд. Баъдан ба меҳмони олиқадр маълумоти муфассалеро дар бораи Кумита, сохторҳои он, ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ ироа кард. 

Дар силсилазаминларзаҳои Филиппин 15 нафар ҷон бохтанд

Филиппин

Зарфи ду рӯзи охир дар Филиппин заминларзаҳои шадид идома доштанд. Чанде пештар бар асари заминларзаи 6,1 балл зарар дидани ҷазираи Лузун хабар дода мешуд, 23 апрел бошад гуфта мешуд, ки бар асари такони замин сокинони ҷазираи Самар низ зарар дидаанд.

Бино ба гузориши Stormnews дар ҷазираи Лузун

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷаласаи гурӯҳи таҳлилгарони Платформаи миллӣ баргузор шуд

Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23-уми апрели соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи таҳлилграони доимамалкунандаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд.  Ин ҷаласа таҳти раҳбарии сардори Раёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ, полковник Ҷ.Камолов доир гардид.

БОСМАЧИЁНУ НАҲЗАТИЁН - ҲАМТАБОРОНИ МАЪНАВӢ

БОСМАЧИ

Ҳадафи ба мавзӯи босмачигарӣ рӯ овардани донишмандони андешавар барои бозшиносии таърихи воқеиву на чандон дури сарзамини тоҷикон ва дар ин замина, шинохти некхоҳону бадхоҳони саргузашти раҳоии тоҷикон аз вопасмониҳои асримиёнагӣ мебошад. Баргашт ба мавзӯи босмачигарӣ замонавӣ ва дархӯри аҳамият мебошад ва рӯзноманигори шинохта Абдулқодири  Раҳим кори хуберо анҷом додааст

Таъмини амнияти сайёҳони хориҷӣ дар мулоқот бо намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ баррасӣ шуд

Дар  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  семинар оид ба бехатарии аҳолии вилоят ва меҳмонон, бахусус сайёҳони хориҷӣ бо мақсади танзими фаъолиятҳои сайёҳӣ, мусоидат ва ҳамоҳангсозӣ дар самти таъмини бехатарии сайёҳон гузаронида шуд. Дар вохурӣ бо намояндагони ширкатҳои сайёҳии вилояти

Страницы