Тобистон, мавсими гармо, замони тафреҳу истироҳат, рухсатии корӣ, таътили тобистонаи кудакон. Ва ҳар кас мехоҳад таътилаш хотирмон гузарад. Аммо кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии навбатдории шабонарӯзӣ дар соҳили обҳо талош мекунанд ин истироҳату тафреҳ барои сокинон бехатар гузарад.
Чунончӣ, наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ҳангоми гузаронидани рейдҳо дар боғи “Чорбоғ”-и шаҳри Хоруғ суҳбатҳо гузарониданд ва қоидаҳои рафтор дар наздикии махзанҳои обро ба истироҳаткунандагон фаҳмониданд.
Ба истироҳаткунандагон фаҳмониданд, ки бисёр вақт ноболиғон бе калонсолон ва ё бехабарии онҳо ба соҳили рӯдхонаҳо мераванд. Ҳамчунин ин гуна ҳодисаҳо низ зиёданд, ки калонсолон ҳамгоми истироҳат машрубот истеъмол мекунанд ва дар ин гуна ҳолатҳо наврасону ноболиғонро беназрат мегузоранд.
Кормандони бахши наҷоти Раёсати Кумита дар ВМКБ барои роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохӯш пайваста бо мардум мулоқот мекунанд ва дар канори соҳилҳо навбатдорӣ мекунанд.