ГАРМОИ СЕ РӮЗИ ОЯНДА: Хеле эҳтиёткор бошед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 1 то 3 июли соли равон ҳаво дар кишвар гарм мешавад. Дар баъзе манотиқи мамлакат гармии ҳаво то ба 44 дараҷа мерасад.

Гармои шадид дар баландкӯҳҳо  сабабгори бошиддат об шудани пиряхҳо, барфҳо ва боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо мешавад. Эҳтимоли обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг зиёд аст.

Дар ҳамин иртибот КҲФ бо эҳтиром хоҳиш мекунад сокинон хеле эҳтиёткор бошанд, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ, ҳамчунин ҳузур дар назди дарёву дигар махзанҳои об.

Ҳамчунин Кумита аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад  дар ин рӯзҳо бо мақсади бехатарӣ аз тавсияҳои зерин кор гиранд:

• Талош кунед зери шуоҳои мустақими офтоб камтар истед. Дар ҳоли зарурат фаромӯш накунед, ки дар сар кулоҳ дошта бошед ва ё чатр бигиред;

• Бештар об истеъмол кунед;

•  Дар ёд дошта бошед, ки аз гармо бештар кӯдакон ва солмандон ранҷ мебаранд;

• Дар роҳҳо хеле эҳтиёткор бошед, зеро дар гармо вазъи саломатиатон метавонад якбора тағйир ёбад, ҳаввосатон парешон шавад, суръати эътино коҳиш ёбад;

•   Бахусус ҳангоми истироҳат ва оббозӣ оҳиставу бодиққат бошед, қоидаҳои шиновариро риоя кунед, ҳамчунин қоидаҳои ҳузур дар соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо ва обанборҳоро низ.

Дар ҳоли рӯ ба рӯ шудан ба ҳодисаҳои ногувор бо телефонҳои  КҲФ: 112,  93 880 28 19 ва ё 223-13-11  хабар диҳанд.

барчасп: