Зарфи бист рӯзи охир 40 нафар дар об ғарқ шудаанд

Аз аввали моҳи ҷорӣ, ки мавсими оббозӣ расман шуруъ шуд, дар махзанҳои оби кишвар 40 нафар ғарқ шудаанд, ки 21 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 17-сола буданд. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳаёти 12 нафарро дар ин  20 рӯз аз марг наҷот додаанд.

Аз 1 июн расман мавсими оббозӣ оғоз гардид. Маъмурияти ҳамаи тафреҳгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳои соҳилӣ чораҳои лозимро андешиданд, ки ин истироҳатгоҳҳо бо ҳама таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз ва  амнияти мардум таъмин бошад. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади таъмини бехатарӣ дар махзанҳои об дар хати соҳил навбатдорӣ мекунанд ва ҳамзамон омӯзишҳои вижа доир месозанд. 

Ба огоҳиҳои чандинкаратаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ дар об ва оббозӣ дар маконҳои мамнуъ нигоҳ накарда, одамон ҳамано ин қоидаҳоро нақз мекунанд. 

Бино ба гузоришҳои фаврие, ки ба қисми навбатдории Кумита расидаанд, аз 1 то 21-уми июни соли 2019 бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар махзанҳои оби кишвар  40 нафар ғарқ шудаанд (соли 2018 дар ҳамин шабу рӯз 69 нафар ғарқ шуда буданд). 21 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 17-сола буданд. Барои кашфу берун овардани ҷасадҳо наҷотдиҳандагони Кумита ҷалб шуда буданд ва ҳамаи ҷасадҳо берун оварда шудаву ба соҳибонашон супорида шудаанд. 

Аз якуми июн то ҳамин рӯз наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳаёти 12 нафарро аз марг наҷот додаанд. 

Сабаби марги ғарқшавии кӯдакон ва наврасон аслан оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, надонистани қоидаҳои оббозӣ ва бепарвоии волидон мебошад, ки кӯдаконро беназорат мегузоранд. Маъмулан ин гуна бепарвоиҳо оқибат ба фоҷеа меанҷоманд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар хотиррасон мекунад: оид ба саломативу бехтарии худ бияндешед!

Қоидаҳои рафтор дар обҳоро риоя намоед!

барчасп: