Раёсати Суғд 9 моҳи фаъолияти худро ҷамъбаст намуд

Зарфи 9 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 557 ҳодисаҳои гуногуни фавқулода ба қайд гирифта шудаанд ва ба хоҷагии халқ ва иқтисоди вилоят 14 миллиону 346 ҳазору 72 сомонӣ зарар расидааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2018 дар ҳудуди вилоят 532 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 106 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

Ҳалокати шаш фили осиёӣ дар Таиланд, ки мехостанд як филбачаро наҷот диҳанд (Видео. Навшуда)

Шаш фил, ки талош мекарданд ҳамдигарро наҷот диҳанд, бар асари сарозер шудан дар як обшори хатарнок ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса дар Таиланд рух додааст ва мақомот гуфтаанд, ки дар мамнуъгоҳи милии Хао-Яй аввал як бачаи фил ҳангоми шино ба партгоҳ афтод. Филҳои дигар хостанд ӯро наҷот диҳанд ва ҳамагӣ дар ҳамон партгоҳи хатарнок фурӯ рафтанд.

Мулоқоти ҳайати шахсии КҲФ бо Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

5 октябри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Директори Академияи ВАО Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон баргузор шуд.

Зиннатуллоҳ Исмоилзода ҳайати шахсии КҲФ-ро ба Рӯзи забони давлатӣ муборакбод кард ва дар бораи фаъолияти Иттифоқи журналистон ва Академияи ВАО суҳбат намуд. 

Ғайр аз ин дар ҷараёни мулоқот ба ҳайати шахсӣ дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” маълумот дода шуд.

Ҷамъомади таълимӣ-методӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 октябри соли 2019 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони вазорати мазкур ҷамъомади таълимӣ-методӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуд. Ҷамъомади мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2019 баргузор гашт.

Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Страницы