Мулоқоти гурӯҳи кории пешгирӣ аз короновирус дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии корҳои системавии пешгирӣ аз густариши короновирус идома доранд.  Чунончӣ, бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Комиссияи пешгирии вируси нави «COVID-2019» ва татбиқи тадбирҳои пешгирӣ аз короновирус дар КҲФ ҷаласаи гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, корҳои дохилӣ, ҳамчунин Муассисаи давлатии манзиливу комуналӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа маълумоти фаврӣ дар бораи чораҳои коҳиши хатари густариши вируси короно, теъдоди шахсоне, ки дар карантин қарор доранд, шунида шуд. Зикр гардид, ки Кумита якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тариқи воситаҳои ахбор корҳои иттилоотӣ ва паёмрасониро роҳандозӣ кардаанд. Ҳамчунин барои пурсишҳои саривақтии аҳолӣ рақами кутоҳи телефонии “511” фаъол шудааст.  

Шаҳрвандоне, ки бо нақлиёт аз хориҷи кишвар меоянд дар муассисаҳои тиббӣ ба карантин фаро гирифта мешаванд ва баъди анҷоми муҳлати таъиншуда, онҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд.   

Бино ба гузориши намояндаи Муассисаи давлатии манзилию комуналӣ ҳар рӯз дар нақлиёти шаҳрӣ қабл аз оғози корашон корҳои беҳдоштӣ гузаронида мешавад, дар ҷойҳое, ки маъмулан одамон зиёд равуо мекунанд, аз ҷумла дар бозорҳо, марказҳои савдо, майдончаҳои бозии кӯдакон низ корҳои дезинфексионӣ роҳандозӣ мешаванд.

Ҳамчунин, масъалаҳои алоқаманд ба мутобиқ гардонидани катҳои беморӣ дар муассисаҳои тиббӣ барои муолиҷаи беморони эҳтимолии гирифторшуда ба короновирус, рафти харидории таҷҳизоти зарурии тиббӣ, доруворӣ, воситаҳои ҳимоявӣ ва ғайра низ баррасӣ шуданд.  

Ғайр аз ин гуфта шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва маркази вилоятҳо ситодҳо, нуқтаҳои карантинӣ ва озмоишгоҳҳо сохта шудаанд, ки омодаанд ташхиси вируси короно гузаронанд. Ҳамчунин навбатдории шабонарӯзӣ низ ташкил карда шудааст.

Дар поёни ҷаласа қарор қабул гардид, ки ҳамоҳангсозии амалҳо дар доираи Системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода идома хоҳад ёфт.

барчасп: