Боронҳои шадиди чанд рӯзи оянда. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба хабари Агентии ҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 12 – 14 дар аксари манотиқи мамлакат боронҳои пуршиддат пешбинӣ шудаанд. Бахусус рўзҳои 13-14 апрел ҳавои абрӣ ба боронҳои шиддатнок табдил мешавад ва омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои доманакўҳӣ ва кўҳии ноҳияҳои тобеъи марказ (Варзоб, Сангвор, Рашт, Нуробод ва Файзобод), вилояти Хатлон (ноҳияҳои Восеъ, Хуросон, Ховалинг, Муминобод, Ш.Шоҳин ва шаҳри Кўлоб) ва ноҳияҳои доманакўҳии вилояти Суғд (Истаравшан ва Панҷикент) эҳтимол дорад.

Агентии ҳавошиносӣ ҳамчунин мегӯяд, ки дар рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, аз ҷумла дар дарёҳои  Ёхсў, Қизилсў (ҷанубӣ), шохобҳои дарёи Вахш эҳтимол меравад сатҳи об боло равад ва дар баъзе минтақаҳо он аз соҳилҳо ба сӯи заминҳои кишт ва манзили сокинон равона гардад. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кулли сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Рафтан ба саҳро барои анҷом додани корҳои кишоварзӣ, молчаронӣ ва рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум ё гиёҳҳои шифобахш хатар дорад.

Бо эҳтиром аз ҳамаи ронандагоне, ки сафари дур доранд, хоҳиш мекунем дар ҳавои боронӣ, ки маъмулан муҳитро тира мекунад, суръати ҳаракатро боло набаранд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.

 

 

барчасп: