Бино ба гузоришҳои расонаишуда дар саросари олам 1,5 миллион нафар ба вируси короно сироят шуданд ва шумори ҳалокшудагон аз ин беморӣ аз 89 ҳазор гузашт. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кишварест, ки аз ҳама бештар афроди мубтало ба короновирус дорад. Мақомот шумори гирифторонро 432 ҳазор нафар эълон краданд ва гуфта шуд, ки бар асари ин беморӣ дар саросари ИМА қариб 15 ҳазор нафар ҷон додаанд ва 24 ҳазор тани дигар шифо ёфтаанд. Вазъ дар шаҳри Ню-Йорк ташвишовартар аст. Дар ин шаҳр беморони COVID-19 бештар аз сироятшудагон дар Италия мебошанд.
Дар Аврупо Испания аз нигоҳи сироятшудагон ба вирус дар ҷойи аввал қарор дорад. Дар ин кишвар то кунун 153 ҳазор нафар сироят шудаву беш аз 15 ҳазор нафар фавтидаанд ва бештар аз 52 ҳазор тан муолиҷа шудаанд.
Ҳар даҳумин нафари ба короновирус сироятшуда дар Испания мурдааст. Омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар шабонарӯзи гузашта шумори сироятшудагон дар Испания 5 ҳазору 756 нафар афзуд ва 683 нафар ба ҳалокат расиданд. Аммо сарвазири Испания Педро Санчес гуфтааст, ки сироят рӯ ба коҳиш меорад ва шояд дар наздиктарин фурсат низоми карантин низ бозбинӣ шавад. Аммо ҳоло аз парламони кишвараш хост, ки вазъи фавқулодаро боз то 26 апрел тамдид кунад.
Дар Италия аз короновирус аллакай 100 нафар кормандони тиб фавтиданд.
Зарфи 24 соати гузашта дар Олмон аз сирояти 4 ҳазору 974 нафар хабар дода шуд ва теъдоди умумии мубталоён ба 108 ҳазору 202 нафар расид.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Британияи Кабир 938 нафар фавтиданд. Вазъи саломатии Сарвазири Британия Борис Ҷонсон каме беҳтар шуд. Ҳоло вай нишаста ва каму беш бо табибон ҳарф ҳам зада метавонад.
Писарбузурги президенти Сербистон Александр Вучич низ мубтало ба короновирус шудааст. Даниили 22-сола ҳоло дар яке аз бемористогнҳоии Белгрод бистарӣ шудааст.
Шабонарӯзи гузашта дар Чин 63 ҳоисаи нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Мақомот гуфтаанд, ки 61 нафари онҳо аз хориҷ баргашта буданд ва 2 нафар дар дохили кишвар сироят шудаанд.